Изҳори омодагии Трамп ба оғози таҳримҳои нав алайҳи Русия

Раиси ҷумҳури Амрико, Доналд Трамп дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба оғози “марҳилаи дуввум”-и таҳримҳо алайҳи Русия, дар пайванд ба ҷанги Украина изҳори омодагӣ кард.

Вай ин масъаларо зиёд тавзеҳ надод. Аммо қаблан президенти Амрико гуфта буд, ки дар сурати ба даст наомадани пешравӣ дар музокироти сулҳ дар Украина, алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.

Пас аз аз мулоқот бо президенти Русия, Владимир Путин дар Аляска рӯзи 15-уми сентябр, Трамп гуфта буд, ки ду ҳафта мунтазири мавқеи Маскав мемонад ва баъд тасмим хоҳад гирифт.

Шаби 7-уми сентябр Русия бо истифодаи садҳо бесарнишин ба Украина ҳамла кард. Дар натиҷа чаҳор нафар кушта шуда, ба бинои ҳукуматӣ дар маркази Киев зарар расидааст. Раҳбарони бархе аз кишварҳои ғарбӣ, ин амалро як нишонаи дигаре барои омода набудани Русия ба сулҳ номидаанд.

Вазири молияи ИМА, Скотт Бессент пештар дар сӯҳбаташ бо NBC News изҳор дошт, ки Амрико ба “идомаи фишорҳо алайҳи Русия” омода аст, вале қарор аст ин ҳамзамон бо амалҳои дигар шарикони ИМА сурат бигирад.

Вазири молияи Амрико ҳушдор додааст, ки ҷорӣ шудани таҳримҳои иловагии навбатӣ алайҳи кишварҳое, ки ба харидории анфти Русия идома медиҳанд, метавонад ба иқтисоди Русияро зарба занад.

“Ҳоло мо дар як сабқати ширкат дорем, ки бояд дар он нишон дода шавад, артиши Украина то кай муқовимат ва иқтисоди Русия то куҷо тобовар хоҳадбуд.” - афзуд, вай ва илова кард, ки “Агар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дахолат карда, ба кишварҳои харидори нафти Русия таҳрим ва боҷи иловагӣ ҷорӣ кунанд, иқтисоди Русия пурра касод хоҳад шуд ва ин президент Путинро водор мекунад, ки сари мизи музокирот нишинад.”

Аз оғози кори маъмурияти нави ИМА алайҳи Русия таҳриме ҷорӣ нашуда буд. Дар айни замон таҳримҳои қаблан ҷорӣ шуда ҳам аз байн бурда нашудаанд.