Раисҷумҳури Амрико рӯзи 5 сентябр фармонеро алайҳи кишварҳо ва ниҳодҳое имзо кард, ки шаҳрвандони ИМА-ро ноодилона дар хориҷ аз ин кишвар боздошт мекунанд.
Тибқи ин қонун, Вазорати корҳои хориҷии Амрико метавонад кишварҳоеро, ки дар боздошти бесабаб ва ғайриқонунии шаҳрвандони амрикоӣ даст доранд ё аз он ҳимоят мекунанд, ҳамчун "пуштибони боздошти ноодилона", муаррифӣ кунад.
Кишварҳое, ки дар ин феҳрист қарор мегиранд, бо паёмадҳое чун таҳрими иқтисодӣ, маҳдудият дар додани раводид, қатъ ё маҳдуд кардани кӯмакҳои хориҷӣ ва ҳамчунин манъи сафари шаҳрвандони амрикоӣ ба он кишвар, рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Ин тарҳ, ки аз системаи "кишварҳои ҳомии терроризм" нусхабардорӣ шудааст, абзорҳои наве ба Вазорати корҳои хориҷии Амрико медиҳад, то кишварҳоеро, ки аз амрикоиҳои боздоштуда ба унвои фишанги сиёсӣ истифода мекунанд, муҷозот кунад.
Ҳукумати Амрико шумори дақиқи шаҳрвандони боздоштшуда дар хориҷро ошкор намекунад. Бар асоси гузориши шабакаи хабарии CBS, дастикам 54 амрикоӣ дар соли 2024 дар 17 кишвар ба таври ноодилона зиндонӣ шуда, ё гаравгон гирифта шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар ҳоли ҳозир 21 кишварро дар болотарин сатҳи ҳушдори сафар (сатҳи чаҳор -- "Сафар накунед") қарор додааст, ки Эрон, Афғонистон, Русия, Венесуэла ва Кореяи шимолӣ, ба он шомил мешаванд.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико дар баёнияе гуфт, "ҳамаи кишварҳо бояд аз ин феҳрист дурӣ кунанд. Касоне, ки аз амрикоиҳо ҳамчун гаравгони сиёсӣ истифода мекунанд, баҳои онро хоҳанд пардохт".
Ҳукумати Трамп дар матни ин фармон таъкид кардааст, ки "ҳеҷ амрикоӣ набояд дар ҳарос аз табдил шудан ба як мӯҳраи бозии сиёсии давлатҳои саркаш зиндагӣ кунад" ва ҳушдор додааст, ки Вашингтон бо истифода аз ҳама абзорҳои мавҷуд, бо ин падида муқобила хоҳад кард.