Тимҳои миллии футболи Узбекистону Эрон, ки дар Ҷоми миллатҳои CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2025 дар гурӯҳҳои худ ғолиб шуданд, ба финали мусобиқот роҳ ёфтанд.
Дувумин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” («CAFA Nations Cup 2025») дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Ба гурӯҳи «А»тимҳои миллииУзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Умон дохил буданд. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 30-юми август то 5-уми сентябр дар варзишгоҳҳои “Олимпия” ва “Ҷар”-и шаҳри Тошканд баргузор шуданд.
Футболбозони узбек таҳти раҳбарии сармураббӣ Темур Кападзе, мутахассиси 44-солаи маҳаллӣ, нахуст бозиро бо Умон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм Туркманистонро бо ҳисоби 2:1 ва дар даври сеюм Қирғизистонро бо ҳисоби 4:0 шикаст доданд.
Умониҳо бошанд, зери раҳбарии сармураббӣ Карлуш Кейроши 72-солаи портуғолӣ, дар бозии дуюмашон Қирғизистон ва дар даври сеюм Туркманистонро бо ҳисоби якхелаи 2:1 мағлуб карданд.
Ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ дастаҳои Узбекистону Умон 7-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Узбекистон мақоми аввал ва Умон ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.
Ба гурӯҳи “В”дастаҳои мунтахабиТоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон шомил буданд. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 29-уми август то 4-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуданд.
Тими миллии Эрон, ки дар даври сеюми “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” бозиро бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, ба финали мусобиқот роҳ пайдо кард. Ин аввалин мусовӣ дар рақобатҳо миёни тимҳои миллии Эрону Тоҷикистон ба шумор мерафт. Сар аз соли 1993 дар чаҳор бозии қаблӣ байни ин дастаҳои мунтахаб Эрон пирӯз шуда буд.
Тими миллии Эрон зери раҳбарии сармураббӣ Амир Қалъанавӣ, мутахассиси 61-солаи маҳаллӣ, қаблан дар ҳарду бозиаш Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 ва Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд. Ҳамин тавр, дар ҷадвали гурӯҳи “В” эрониҳо бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба финал баромаданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси 54-солаи гурҷӣ, дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи «В» аз тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, дар даври дуюм тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд.
Футболбозони Ҳиндустону Тоҷикистон чаҳоримтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти он ки Ҳиндустон бар Тоҷикистон пирӯз шудааст, дар ҷадвали гурӯҳи “В” мақоми дуюмро касб намуда, ба ҳаққи ширкат дар бозӣ барои медалҳои биринҷии мусобиқот мушарраф гардид. Мунтахаби Тоҷикистон бошад, дар зинаи сеюм қарор гирифт ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд.
Тибқи муқаррароти “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ баргузор шуданд. Ҳамакнун ғолибони гурӯҳҳо – тимҳои миллии Узбекистону Эрон - дар финал вомехӯранд. Дастаҳои мунтахаби Умону Ҳиндустон, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро гирифтанд, барои мақоми сеюм мубориза мебаранд.
Рӯзи душанбеи 8-уми сентябр бозии ниҳоии “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор барпо мегарданд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "А"
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Тӯбҳо | И |
1. | Узбекистон | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-2 | 7 |
2. | Умон | 3 | 2 | 1 | 0 | 5-3 | 7 |
3. | Туркманистон | 3 | 0 | 1 | 2 | 3-5 | 1 |
4. | Қирғизистон | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-7 | 1 |
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "В"
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Тӯбҳо | И |
1. | Эрон | 3 | 2 | 1 | 0 | 8-3 | 7 |
2. | Ҳиндустон | 3 | 1 | 1 | 1 | 3-2 | 4 |
3. | Тоҷикистон | 3 | 1 | 1 | 1 | 5-4 | 4 |
4. | Афғонистон | 3 | 0 | 1 | 0 | 1-5 | 1 |