Радослав Дарски, муовини мудири раёсати сиёсати аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистонро, Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин кардаанд.
Аз соли 2022 дар ин мақом дилпомат аз Литва Раймундас Кароблис кор мекард. Ӯ раиси Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Покистон таъйин шудааст.
Сафири навтаъйини Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, хатмкардаи бахши равобити байналмилалӣ аз Донишгоҳи Вротслави Лаҳистон буда, забонҳои русӣ, англисӣ ва лаҳистониро медонад.
Ӯ дар гузашта дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо дар Узбекистон, Гурҷистон ва Белорус, кор кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки муовини аввали ин вазоратхона рӯи 5 сентябр нусхаи эътимодномаи раҳбари навтаъйини намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро қабул кардааст.
Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад ва солона ба бахшҳои гуногуни иқтисоди ин кишвар миллионҳо доллар кӯмак мекунад.
Ҷонибҳо дар масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, идоракунии марз ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин идоракунии об низ, ҳамкориҳо доранд.
Мухолифин ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои охир Иттиҳоди Аврупоро ба "чашмпӯшӣ" ба поймолшавии ҳуқуқи одамону озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа танқид мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июли соли 2024 аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Душанбе хоста буд, ки нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.