Раиси ноҳияи Рӯдакиро барои парвандаи замин бозпурсӣ кардаанд

Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини собиқи Додситони кулли Тоҷикистон.

Муфаттишони Оҷонсии мубориза бо коррупсия Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакиро дар робита ба боздошти Рустам Раҳмонзода, сармеъмори ин ноҳия бозпурсӣ кардаанд. Чанд манбаи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Рустам Раҳмонзода нимаи моҳи август бо иттиҳоми гирифтани 2 миллион сомонӣ пора аз як соҳибкор боздошт шудааст.

Абдуғаффор Ҳикматуллозода соли 2023 муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон буд ва дар як тасмими камсобиқа раиси ноҳия Рӯдакӣ таъйин шуда буд. Чанд манбаи ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сармеъмор аз як соҳибкор барои додани қитъаи замин барои бунёди манзили баландошёна ду миллион сомонӣ пора гирифтааст.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин соҳибкор ду соли ахир талош доштааст, ки аз заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва наздик ба шаҳри Душанбе замин бигирад, вале гуё ӯро борҳо “фиреб” додаанд. Назари ин соҳибкор ва афроди боздоштшуда маълум нест. Дар ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ нахостанд бо Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Вале ба гуфтаи манбаҳои Радиои Озодӣ, сармеъмор Рустам Раҳмонзода замоне боздошт шудааст, ки дар утоқи кориаш 500 ҳазор сомониро аз дасти соҳибкор гирифтааст. Якуним миллион сомониро чанд рӯз пеш аз боздошт гирифта будааст.

Ҳамсуҳбатони Озодӣ гуфтанд, ки далели мустақими даст доштани Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар гирифтани пора нест, вале рӯзи гирифтани пора раиси ноҳияи шахсан ба он қитъаи замине, ки бояд ба соҳибкор медоданд, рафта барои ҷудо кардани замин ризоият додааст.

Дақиқан, соли 2023 Абдуғаффор Ҳикматуллозода замоне раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуда буд, ки се мақоми баландпояи ҳукумати ноҳия, аз ҷумла як корманди додситонӣ, ба гумони заминфурӯшӣ ва гирифтани беш аз сад ҳазор доллар ришва дастгир шуда буданд. Он замон манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали додситони куллро барои раиси ин ноҳия таъин кардааст, ки ба “дарди бедаво”-и заминфурӯшӣ хотима диҳанд.