Ҷасади ҷавони тоҷикро дар Амрико ба хок супурданд

Ҷасади Муҳаммадазизи 17-сола, як навҷавони тоҷикро, ки дар натиҷаи занозание дар аёлати Пенсилванияи Амрико даргузашт, дар шаҳри Филаделфия ба хок супурданд.

Блогерони тоҷики муқими Амрико бо гузаштани аксу навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабар додаанд.

Қаблан барои маросими ҷаноза ва дафни ӯ дар вебсайти хайрияи "Gofundme" саҳифае боз карда ва аз мардуми муқими Амрико хостаанд, ки ба қадри тавонашон ба волидайни Муҳаммадазиз Раҳматзода кӯмак кунанд.

Навҷавони тоҷик шаби 14-уми август дар як занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Монтгомерии аёлати Пенсилвания аз сараш сахт осеб дид. Дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани занозанӣ маълумоте нест ва таҳқиқи қазия идома доштааст.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд.

Набиҷон Раҳматзода ва аъзои оилааш аз ҷумлаи онҳо ҳастанд, ки тақрибан ду сол пеш ба Амрико рафта, дар канори шаҳри Филаделфия зиндагӣ мекарданд.