Кори осон ё душвор? Сафаре бо ронандагони боркаши тоҷик дар Аврупо

Парчами Тоҷикистон дар мошини яке аз ронандагони тоҷик дар Литва.

Ронандаи мошини боркаш дар Аврупо, яке аз орзуҳои муҳоҷирони зиёди тоҷик аст, ки аз кор дар Русия безор шудаанд. Музди баланд ва риояти қонуну қоида ва вақти муайяни кор ва таърифи зиёд дар бораи ин касб онҳоро ба самти Аврупо мекашад.

Аммо онҳое, ки ин корро зиёд ва роҳҳои дарози Аврупоро тай кардаанд, эътироф мекунанд, ки аз танҳоӣ ва кори якранг дилгиру хаста мешаванд. Яке аз ин ронандагони тоҷик, ки дар Аврупо солҳост кор кардааст, бо нашри як видеое баҳси зиёдеро дар ин бора барангехт.

Бахтовар Шарипов, дар ин видео мегӯяд: “Инҷо Аврупо аст. Алаф, дарахт, роҳ. Агар ягон рӯзи истироҳат ба шаҳраке бирасед, шояд тамошо рафта шавад. Агар либос чиркин бошад, мешӯям, агар хӯрок нест, омода мекунӣ. Дар дохили мошин дам мегирӣ. Сайругаште нест. Аврупо чунин аст, барои ҳамин худатон хаёлпардозӣ накунед.”

Бисёриҳо Бахтоварро барои эътирофи самимонаву содиқона аҳсан гуфтаанд, теъдоди дигаре чандон ба гапҳояш бовар надоранд. Дар Тоҷикистон ронандагӣ дар хориҷ кори сердаромад ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ бисёре аз ҷавонон орзуи сафар ба Аврупо ва Амрико доранд, ки музди кор дар ин ҷойҳо дар муқоиса ба ватан бисёр баланд аст.

Бобоҷон Бобоев ҳам ронандаи мошини боркаш аст ва чунин мегӯяд: “Бисёриҳо тарафҳои мусбати корро шунидаанд, аммо кам касон дар бораи душвориҳои кор мегӯянд. Бисёре аз бачаҳое, ки аз Тоҷикистон омадан мехоҳанд, калкулятор мегиранду, музди корашонро ҳисоб мекунанд. Вале фикр намекунанд, ки ин кор бисёр душвор аст, мушкилоти худро дорад. Дар мошин танҳоӣ, ҳамсафаре надорӣ, худат бо худат гап мезанӣ.”

Бобоҷон Бобоев, ду сол боз аст, ки аз Ҳолланд ба Итолиё ва ё баръакс бор мекашад. Ният дорад, то чанд моҳи дигар ба ватан баргардад. Душвортарин қисмати кор ба қавли вай, танҳоӣ ва дурӣ аз азизон аст. Гоҳо бо сурудан ғами хешро берун мекунад.

Иқтисоди Тоҷикистон ба пули муҳоҷирони корӣ сахт пойбанд аст. Бино ба омори Бонки Ҷаҳонӣ соли 2024 пулҳое, ки муҳоҷирон фиристодаанд, 45 дар сади Тавлидоти Нохолиси Миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки аз болотарин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Жизнь в кабине грузовика. Как отзываются о работе в Европе дальнобойщики из Таджикистана

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки солона то 700 ҳазор нафар аз мардуми кишвар барои кор ба хориҷ мераванд, вале ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ теъдоди онҳо ба як миллион нафар мерасад. Яъне ҳар даҳумин шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳоло бештар аз 10 миллиону 500 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, барои пайдо кардани даромади беҳтар барои кор ба хориҷ меравад.

Фатҳиддин Иброҳимов, яке дигар аз ронандагони дигари мошини боркаш ним сол пеш аз Тоҷикистон ба Аврупо омадааст ва дар як ширкати Литва кор мекунад. Агарчӣ таҷрибаи зиёде надорад, аммо дарёфтааст, ки онгуна ки меандешид, ронандагии мошини боркаш кори осоне нест. Дар паси таърифу тасаввурҳои баланд дар бораи ин кор воқеияти дигаре ниҳон аст.

Ӯ мегӯяд: «Ҳатто онҳое, ки ба сафар одат кардаанд, дар инҷо ба сафари дигаре рӯ ба рӯ мешаванд ва ба танҳоӣ. Одамоне ҳастанд, ки аз стресси зиёд (фишори равонӣ) ва ғам бемор мешаванд. Бинобар нишастани дурудароз, камаш 8 соат дар як ҷой камари одам мушкил пайдо мекунад. Чашмонат таҳти фишор аст, асаб ҳам. Мошини калон, бори вазнин, тамаркузи зиёд, ҳамаи инҳо душвориҳои зиёд меофаранд.»

Айни замон онҳое ҳастанд, ки аз ин кор розӣ ва хушҳоланд. Сафаралӣ Саъдулло яке аз онҳост. Дар Русия солҳои дароз кору зиндагӣ кардааст ва чизе барои муқоиса кардан дорад.

Ӯ мегӯяд: «Дар Аврупо инсонро эҳтиром мекунанд, соати муайяни корӣ ҳаст. Агар бештар аз соати муайян кор кард, ронандаро ҷарима мебанданд. Агар ҳатто як дақиқа бештар аз 10 соати зарурӣ кор кардӣ, ҷарима мешавӣ. Дар Маскав чунин набуд, дар сохтмон маҷбур мекарданд, то 12 соат кор кунӣ.»

Сафаралиро ним сол пеш як ширкати литвагӣ ба кор гирифтааст. Барои лоиқ шудан ба музди хуб ним сол таҳсил кардааст ва ҳоло рӯзона то 90 евро мегирад. Мегӯяд, агар забон бидонӣ имконоти васеътар дорӣ: «Онҳое, ки забон медонанд, дар ширкатҳои хуби итолиёӣ, фаронсавӣ кор мегиранд. Ман бачаҳоеро дидам, ки рӯзи кориашон 140 евро аст ва рӯзҳои шанбеву якшанбе дар ҷойи кор дам мегиранд. Барои ингуна музд бояд забон донӣ, агар забони англисӣ медонӣ, музди хуб мегирӣ. Ман инҷо кор мекунам, аввал рӯзи корӣ 85 евро буд, ҳоло 90 евро аст.»

Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, музди миёнаи ронандагони ширкатҳои боркашии Аврупо тақрибан 2200 евро аст, ки қобили муқоиса бо Тоҷикистон нест. Дар кишвар музди миёна бино ба омори расмӣ тақрибан 270 доллар аст. Барои ҳамин ҳам таваҷҷуҳ ба ронандагӣ дар Аврупо бо вуҷуди душвориҳояш зиёдтар мешавад ва дар роҳҳои ин минтақаи дур аз Тоҷикистон ҳам сол ба сол бештар мебинед.