Муҳаммадазизи 17-сола дар Амрико даргузашт

Акси Муҳаммадазиз Раҳматзода аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Як навҷавони 17-солаи тоҷик, ки дар занозание дар аёлати Пенсилванияи Амрико сахт маҷрӯҳ шуда буд, даргузаштааст. Дар ин бора сокинони аёлат ва блогерони тоҷики муқими Амрико хабар додаанд.

Як навҷавони 17-солаи тоҷик, ки дар занозание дар аёлати Пенсилванияи Амрико сахт маҷрӯҳ шуда буд, даргузаштааст. Дар ин бора сокинони аёлат ва блогерони тоҷики муқими Амрико хабар додаанд.

Сайҳуна Ортиқова, яке аз фаъолони тоҷики муқими Амрико рӯзи 1-уми сентябр дар саҳифаи “Gofundme” навиштааст, “қалби ҷавони Муҳаммадазиз, ки фақат 17 сол дошт, имрӯз аз тапидан монд. Ҷавони пур аз нерӯ ва умед ҷаҳонро тарк гуфт.”

Барои маросими ҷаноза ва дафни ӯ дар вебсайти хайрияи “Gofundme” саҳифае боз карда ва аз мардуми муқими Амрико хостаанд, ки ба қадри тавонашон ба волидайни Муҳаммадазиз Раҳматзода кӯмак кунанд. Навҷавони тоҷик шаби 14-уми август дар як занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Монтгомерии аёлати Пенсилвания аз сараш сахт осеб дид.

Набиҷон Раҳматзода, падари Муҳаммадазиз, рӯзи 20-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, фарзандаш дар бахши эҳёгарист ва табибон мегӯянд, ки “Бояд майнаи сарро санҷанд, ки то чӣ ҳад зинда аст ва умеде барои монданаш ҳаст ё не.”

Дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани занозанӣ маълумоте нест ва таҳқиқи қазия идома доштааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд.

Набиҷон Раҳматзода ва аъзои оилааш аз ҷумлаи онҳо ҳастанд, ки тақрибан ду сол пеш ба Амрико рафта, дар канори шаҳри Филаделфия зиндагӣ доранд.