Эътирози созмонҳои хабарӣ ва расонаҳо ба куштори хабарнигорон дар Ғазза

Созмони Гузоришгарони бидуни марз эълон кард, ки беш аз 250 расона ва созмонҳои хабарӣ дар 70 кишвари ҷаҳон рӯзи 1-уми сентябр дар як корзори ҳамоҳанг ва созмондеҳишуда саҳифаҳои аввали худро дар эътироз ба куштори хабарнигорон дар Ғазза, сиёҳ карданд.

Ин созмонҳои хабарӣ ва расонаҳо дар ин корзори дастҷамъона аз Исроил хостанд, ба куштани хабарнигорон дар Ғазза поён диҳад ва роҳро барои вуруди расонаҳои байналмилалӣ ба ин минтақа боз кунад.

Аз ҳафтуми октябри соли 2023, ки ҷанг миёни фаластиниҳо ва Исроил дар Навори Ғазза оғоз шуд, артиши Исроил аз вуруди рӯзноманигорон ва хабарнигорони хориҷӣ ба ин минтақа худдорӣ кардааст.

Аз ҳамин рӯ, ахбори ҷанг асосан аз сӯи хабарнигорони фаластинӣ, ки худ дар Ғазза зиндагӣ мекунанд, ба берун фиристода мешавад ва ҳамин хабарнигорон дар ду соли гузашта ҳадафи ҳамлаҳои маргбори Исроил қарор гирифтаанд.

Тибқи эълони Гузоришгарони бидуни марз, ки яке аз баргузоркунандагони корзори рӯзи душанбе буд, дар камтар аз 23 моҳи гузашта, "220 хабарнигор аз сӯи артиши Исроил кушта шудаанд".

Ин омор аз шумори умумии хабарнигороне, ки аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба ин тараф дар даргириҳои гуногун кушта шудаанд, бештар аст.

Дар эътироз ба марги ин теъдод аз хабарнигорон дар Навори Ғазза, расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, рӯзномаҳо ва сайтҳо дар саросари ҷаҳон рӯзи душанбе сафҳаҳои аввали худро сиёҳ карданд.

Пеш аз ин корзори дастҷамъона, ки ба гуфтаи созмони Гузоришгарони бидуни марз дар навъи худ беназир аст, даҳҳо фаъоли исроилӣ ва фаластинӣ рӯзи ҷумъаи гузашта дар Носира бо барчаспҳои "Хабарнигор" бар либосҳояшон барои поёни ҷанги Ғазза ва бас кардани куштори рӯзноманигорон, гирдиҳам омаданд.

Ин эътироз пас аз кушта шудани Марям Абу Даққа, хабарнигори 23-солаи хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" дар ҳамлаи Исроил ба "Бемористони Носир" дар Хон Юнус баргузор шуд. Ҳамлае, ки дар он чаҳор хабарнигори дигар ва 17 фаластинии дигар низ кушта шуданд.

Як ҳафта монда ба баргузории ҳаштодумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк, созмонҳои хабарии саросари дунё аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳанд, ки "пеши ҷиноятҳои артиши Исроил алайҳи хабарнигорони фаластиниро бигирад".

Исроил дар чанд маврид бо тасдиқи ҳамла ба хабарнигорон гуфт, ки онҳо дар либоси хабарнигор ба нафъи гурӯҳи "Ҳамос" амал мекарданд. Аммо расонаҳое, ки ин хабарнигорони кушташуда барои онҳо кор мекарданд, мегӯянд, ки онҳо фақат вазифаи хабарнигории худро анҷом медоданд.