Сар аз 1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Латвия қоидаҳои нави вуруди шаҳрвандони баъзе кишварҳо, ки узви Иттиҳоди Аврупо нестанд, эътибор пайдо кард.
Бар асоси тарҳи пешниҳодии сохторҳои амниятии Латвия, бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Молдова ва Узбекистон дар марз маълумот дар бораи мақсади сафар, мӯҳлату макони будубош, суроғаи зиндагӣ, самтҳои сафар ва шумораи телефону дигар маълумот барои тамосро пешниҳод кунанд.
Шахс инчунин бояд дар бораи ҷойи кори худ ва наздиконаш маълумот диҳад. Агар маълумоти пешниҳодкардаи ин шахс ғайривоқеӣ ё дурӯғ баромад, ӯро то 2 ҳазор евро ҷарима таҳдид мекунад.
Латвия як узви Иттиҳоди Аврупо ва созишномаи Шенген аст, ки сафари бидуни назорати сарҳадӣ дар қаламрави кишварҳои узвро иҷоза медиҳад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки солҳои охир бо мақсади муҳоҷирати корӣ ва зиндагӣ ба Латвия мераванд, танҳо бар асоси виза ба ин кишвар ва давлатҳои аврупоӣ ҳаққи ворид шуданро доранд.