Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймои Урсула фон дер Лейен, раиси Кумиссиёни Аврупо бинобар халалдор кардани системаи GPS аз тарафи Русия ночор бо нақшаи оддӣ дар фурудгоҳи Пловдиваи Булғористон фуруд омадааст.
Аз ҷумла нашрияи Файненшл Таймс гузориш додааст, ки системаҳои раҳнамоии фурудгоҳ аз кор мондаанд ва халабон маҷбур шудааст, як соат дар болои фурудгоҳ давр зада, сипас ҳавопайморо бо системаи дастӣ ва бо нақшаи коғазӣ ба замин нишонад.
Хати ҳаракати ҳавопайморо тағйир надодаанд. Ҳукумати Булғористон низ тасдиқ кардааст, ки ҳангоми фуруди ҳавопаймои раиси Кумиссиёни Аврупо, системаи GPS аз кор афтодааст ва София аз эҳтимоли “дахолати ошуфтакунандаи” Русия ба Иттиҳоди Аврупо хабар додааст.
Идораи ҳавопаймоии Булғористон дар сӯҳбат бо бахши булғории Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки аз замони оғози ҷанги Русия дар Украина дар соли 2022 дахолат ба системи раҳнамоии GPS ва аз кор андохтани он зиёд шудааст.
Фон дер Лейен рӯзи 31-уми август дар Булғористон қарор дошт, ки бахше аз барномаи сафараш ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла Финландия, Лаҳистон, Руминия буд.