Музокирот бо Толибон. Буд ё набуд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабарҳо дар бораи музокироти маҳрамона бо намояндагони ҳукумати Афғонистонро дар Доҳа рад кард. Рӯзи 18 октябр як мақоми аршади Толибон ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ду музокирот миёни Толибон ва намояндагони ҳукумат дар Қатар баргузор шудааст.