Пайвандҳои дастрасӣ

Лаҳистон мегӯяд, паҳподҳои Русияро дар осмони худ сарнагун кардааст


Маҳалли осебдида дар натиҷаи суқути паҳподи Русия.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

Маҳалли осебдида дар натиҷаи суқути паҳподи Русия.

Summary

  • Мақомоти Лаҳистон мегӯянд, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо кӯмаки нерӯҳои паймони низомии НАТО паҳподҳои воридшудаи Русия ба ҳарими ҳавоии он кишварро сарнагун ва маҳв кардаанд.

Шаби сешанбе ва бомдоди чаҳоршанбе ҳамзамон бо ҳамлаҳои паҳподиву мушакии Русия ба Украина чанд паҳпод ҳам вориди ҳарими ҳавоии Лаҳистон шудаанд ва артиши ин кишвар бо кӯмаки нерӯҳои НАТО бо бастани осмон ба муқобила ба онҳо пардохтааст.

Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон гуфтаст, ки ҳарими ҳавоии кишвар дар соатҳои гуногун дар бомдоди рӯзи 10-уми сентябр дасти кам 19 бор бо вуруди паҳподҳо нақз шуд. Аксҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз паҳподҳои сарнагуншуда дар маҳаллаҳои гуногуни Лаҳистон бахусус дар наздикии марзи Белорус нашр шудаанд.

Дар яке аз онҳо осеб ба боми як хона ва мошини осебдидае дар канори он дида мешавад. Ин ҳодиса ҳамчунин боиси баста шудани чаҳор фурудгоҳи Лаҳистон, аз ҷумла фурудгоҳи пойтахт шаҳри Варшава барои муддате шуд.

Ҳукумати Лаҳистон вуруди паҳподҳоро амалкарди душманона хонд, ки ҷони шаҳрвандонро ба хатар андохтааст. Нахуствазир Доналд Туск дар оғози нишасти фавқулодаи ҳукумат дар рӯзи 10-уми сентябр гуфт, кишвараш дар наздиктарин замон ба вуқӯи як даргирии низомӣ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум қарор гирифтааст.

Мақомҳои Лаҳистон ҳамчунин гуфтаанд, банди чаҳоруми паймони НАТО фаъол карда шудааст. Як мақоми низомии паймони НАТО тасдиқ кардааст, ки дар амалиёти раҳгирӣ ва сарнагунии паҳподҳо нерӯҳои ин паймон аз кишварҳои мухталифи узв ширкат доштанд. Ин барои нахустин бор аст, ки НАТО паҳподҳои русиро дар ҳарими ҳавоии яке аз кишварҳои узви паймон сарнагун мекунад.

Мақомҳои кишварҳои гуногуни аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар нахустин вокуниш, бо маҳкум кардани ин ҳодиса аз пуштибониву ҳимояти якдилона аз Лаҳистон суҳбат кардаанд. Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳатто гуфтааст, шавоҳиди аввалия нишон медиҳад, иқдоми Русия, на тасодуфӣ, балки барқасдона будааст.

Дар ҳамин ҳол артиши Белорус бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтааст, ин кишвар ҳам шоҳиди вуруди паҳподҳо ба ҳарими ҳавоии кишвар шуд ва афзудааст, ки ҷанги электроникии Русия ва Украина боиси тағйири роҳи парвози паҳподҳо шудааст.

Дар Амрико чанд вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон ва Конгресс вокунишҳои сахте нишон додаанд, аз ҷумла сенатор Крис Мурфи, ҳушдор додааст, ки парвози абзорҳои Русия бар фарози як кишвари узви НАТО мавзӯи бисёр ҷиддӣ аст.

Намояндаи дигари Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, Ҷоел Вилсон онро иқдоми ҷангӣ хонда, хостори таҳримҳои сахттар бар зидди Русия шудааст. Бинобар талаботи паймони низомии НАТО, ҳамла бар як узви он ҳамла ба тамоми аъзои созмон дониста мешавад ва ҳамаи онҳо бояд аз ба ҳимоят аз кишвари мавриди ҳамла бархезанд, аз ҷумла Амрико ҳам.

Ҳоло Иттиҳоди Аврупо беш аз пеш нигарони наздиктар шудани доманаи ҷанги Русия дар Украина ба марзҳои кишварҳои узви иттиҳод аст. Нигароние, ки аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина вуҷуд дошт ва ҳоло бештару бештар мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG