Қатар ин ҳамларо "буздилона" хонда, онро маҳкум кард. Амрико мегӯяд, ин ҳодисаи "нохушоянд" буд ва Вашингтон пеш аз анҷоми ҳамла, ба Қатар хабар додааст. Кишварҳои зиёде ин ҳамларо маҳкум карданд.
Моҷид Ал-Ансорӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қатар ин ҳамларо "нақзи ошкори ҳамаи қонунҳои байналмилалӣ", хонд. Ӯ хабар дод, ки ҳамлаи Исроил ба як минтақаи истиқоматӣ, ки маҳалли зиндагии чанд тан аз аъзои дафтари сиёсии "Ҳамос" буд, анҷом шуд.
Аз сӯи дигар, Вазорати корҳои дохилии Қатар мегӯяд, як корманди нерӯҳои амниятии ин кишвар бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта ва чанд дигар захмӣ шуданд.
Кохи Сафед дар пайи ин ҳамла эълон кард, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳамлаи Исроил ба дафтари "Ҳамос" дар Қатарро "иттифоқе нохушоянд" донист ва ба Стив Виткофф, намояндаи худ дар Ховари Миёна, дастур дода буд, ки пешопеш ба Қатар дар бораи ин ҳамла ҳушдор диҳад.
Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, Доналд Трамп пас аз ин ҳамлаҳо бо нахуствазири Исроил ва ҳамчунин амири Қатар гуфтугӯ карда ва ба раҳбари Қатар итминон додааст, ки "чунин ҳодиса дубора дар хоки шумо рух нахоҳад дод".
Ӯ дар баёнияе гуфт, дар ҳоле, ки нобудии "Ҳамос" як "ҳадафи арзишманде" аст, аммо ҳамла дар пойтахти Қатар "ҳеч кӯмаке ба ҳадафҳои Исроил ё Амрико намекунад". Ӯ афзуд, "президент Қатарро муттаҳиди қудратманд ва дӯсте барои Амрико медонад ва нисбат ба макони рух додани ин ҳамла бисёр мутаассиф аст".
Вазорати корҳои хориҷии Қатар дар вокуниш ба изҳороти сухангӯи Кохи Сафед гуфт, тамоси мақомҳои амрикоӣ бо ин кишвар вақте сурат гирифт, ки садои таркишҳо аз ҳамлаҳои Исроил, ба гӯш мерасид.
Шоми сешанбе "Ҳамос" бо нашри баёнияе эълон кард, ки панҷ тан аз аъзои ин гурӯҳ дар ҳамлаи Исроил ба Давҳа, кушта шуданд, аз ҷумла, писари Халил Ал-Ҳайя, раиси дар табъид қарордоштаи дафтари "Ҳамос" дар Ғазза.
Бо ин ҳол, ин гурӯҳ таъкид кардааст, ки Исроил дар террори тими музокираунандаи "Ҳамос" ноком мондааст.
Баёнияи артиши Исроил
Дар хабарномаи артиши Исроил, ки дар шабакаи Х нашр шуд, омадааст, ки пеш аз ҳамла, "чораҳое барои коҳиши осеб ба афроди ғайри даргир", анҷом шуд. Расонаҳо аз қавли мақомоти исроилӣ навиштанд, ки дар ин ҳамла аз даҳ ҳавопаймои ҷангӣ ва 15 паҳбод, истифода шудааст.
Аз сӯи дигар, як мақоми исроилӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" тасдиқ кард, ки раҳбарони "Ҳамос" дар Қатар ҳадафи ҳамлаҳои Исроил қарор гирифтанд.
Артиши Исроил дар баёнияе гуфтааст, афроде, ки дар ин ҳамла ҳадаф қарор гирифтанд, солҳо гурӯҳи "Ҳамос"-ро раҳбарӣ мекарданд ва ба таври мустақим масъули иҷрои ҳамлаи 7 октябри соли 2023 ба хоки Исроил буданд.
Манбаъҳои наздик ба "Ҳамос" ба хабаргузориҳои "Франс пресс" ва "Ал-Арабия" гуфтаанд, ки музокиракунандагони баландпояи ин гурӯҳ ҳадафи ҳамлаи ҳавоии Исроил қарор гирифтанд.
Дафтари нахуствазири Исроил чанд соат пас аз ин ҳамла дар баёнияе эълон кард, ки ин амалиёт ба шакли "мустақил" анҷом шудааст. Ин баёния мегӯяд, Исроил ташаббускори ҳамла ба раҳбарони "Ҳамос" буд ва онро иҷро кард ва масъулияти комили онро ба ӯҳда мегирад.
Ишораи ин баёния ба иқдоми "мустақил", зоҳиран таъкиде бар дахолат надоштани Амрико дар ин ҳодиса аст.
Пойгоҳи "Ал-Удайд" дар Қатар, калонтарин пойгоҳи Амрико дар Ховари Миёна ба шумор меравад.
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Исроил дар рӯзҳои гузашта гуфта буд, вақти он расидааст, ки ба раҳбарони "Ҳамос" дар берун аз сарзаминҳои Фаластин, ҳамла шавад.
Раҳбарони "Ҳамос" дар Қатар дар оғози ин ҳафта дар як меҳмонхона дар Давҳа бо Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, мулоқот карда буданд.
Исроил бо Қатар робитаҳои дипломатии расмӣ надорад, аммо мақомоти баландпояи Исроил дар як даҳсолаи гузашта борҳо бо мақомоти Қатар, асосан дар робита ба масъалаи Фаластин, мулоқот кардаанд.
Қатар дар баробари Миср ва Амрико, аз миёнаравҳои аслӣ миёни Исроил ва Ҳамос дар музокироти оташбас дар ҷанги Ғазза, ба шумор мераванд.
Аз сӯи дигар, Давҳа муносибатҳои наздик бо Вашингтон дорад ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар сафари ахири худ ба минтақа, аз Қатар дидан кард.
Вокунишҳо минтақавӣ ва ҷаҳонӣ
Эрон аз пуштибонҳои аслии "Ҳамос" ин ҳамларо "нақзи ҳамаи қонунҳо ва муқаррароти байналмилалӣ, ҳамла ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Қатар ва ҳамла ба музокирокунандагони фаластинӣ" хонд ва маҳкум кард.
Имороти Муттаҳидаи Араб, Урдун, Туркия, Арабистони Саудӣ, Чин, Қазоқистон, Миср, Кувайт низ ҳамлаи Исроил ба дохили хоки Қатарро маҳкум кардаанд.
Фаронса, Бритониё ва Олмон, ки аз муттаҳидони ғарбии Исроил ба шумор мераванд, низ ҳамлаи ин кишвар ба хоки Қатарро маҳкум карданд.
Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ низ ҳамлаи Исроилро "нақзи ошкори ҳокимият ва тамомияти арзӣ"-и Қатар донист ва бо ишора ба нақши ин кишвар дар музокироти оташбаси Ғазза гуфт, ки ҳама тарафҳо бояд ба самти ба даст овардани оташбаси доимӣ ҳаракат кунанд, на нобудии он.
Исроил ҳадаф қарор додани раҳбарони "Ҳамос" дар хориҷро тобистони соли 2024 оғоз кард. Исмоил Ҳания, раиси вақти дафтари сиёсии "Ҳамос" ҳангоми сафар ба Теҳрон кушта шуд. Исроил дар моҳҳои баъдӣ раҳбарони "Ҳамос" аз ҷумла, Муҳаммад Зайф ва Яҳё Синворро дар Ғазза ба ҳалокат расонд.
Гуфтугӯ